Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав сохта мешавад

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 оғоз ёфт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони соҳаи маориф ва устодону хонандагони муассиса иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода ҳангоми суханронии худ дар назди ҳозирин  аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф ҷараён дорад.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои таҳсили 265 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Фонди саудии рушд бунёд мешавад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" ва пудратчӣ ҶДММ "Тахт" мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ мактаби нав сохта мешавад