Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё сазовори медали нуқра гардид

( 0 Овоз )

Варзишгари шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, ки аз 20 то 23 апрел дар шаҳри Фуҷайраи Амороти    Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори медали нуқра гардид.

Комроншоҳи  Устопириён дар вазни то 90 кг дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Ӯзбекистон Давлат Бобоновро мағлуб кард. Дар даври сеюм бошад Комроншоҳи Устопириён варзишгари чинӣ Ҳебилиге Буро мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар рақобати нимниҳоӣ Комроншоҳ варзишгари қазоқ – Ислом Бозбоевро шикаст дода, ба финал баромад. Дар финал ӯ аз Косуке Машиямаи японӣ ноком шуда, соҳиби нишони нуқраи Чемпионати Осиё гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки солҳои 2016 ва 2017 дар Чемпионати Осиё  Комроншоҳ Устопириён соҳиби медалҳои тилло шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати Осиё сазовори медали нуқра гардид