Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Суғд: Дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии хеш саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф дар вилояти Суғд нақшаи чорабиниҳои мушаххас тасдиқ гардидаву иҷро гардида истодааст. Воқеан ҳам аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти мамлакат назаррас мебошад. Маҳз бо назардошти ҳамин омилҳо барои рушди соҳа дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ ва ҳамасола корхонаҳои нав бунёд мегарданд.

Аз ҷумла, тибқи нақша дар вилоят соли равон бунёди 100 корхонаи нав дар назар гирифта шуда, давоми семоҳаи аввали соли равон 26 корхонаву коргоҳи нав бо 377 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаҳои навтаъсис, асосан, корхонаҳои  соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва сабукро дарбар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат хоҳанд кард.

Дар ин давра ҳамзамон ба маблағи 2 миллиарду 735,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 116,4 фоизро ташкил кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд