Дар семоҳаи якуми соли равон сайди моҳӣ 26,3 тоннаро ташкил намуд

( 0 Овоз )

Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 26,3 тоннаро ташкил намуд.

Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба 523,1 ҳазор сомониро баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 баробар зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 9,7 фоиз, зағорамоҳӣ – 5,8 фоиз, амури сафед – 1,0 фоиз, суфмоҳӣ – 17,6 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 65,9 фоизро ташкил намудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share