Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Суғд: Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 104,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 565,4 млн. сомонӣ ворид гардид

( 0 Овоз )

Дар семоҳаи аввали соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар вилояти Суғд (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 565,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 26,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Барзиёд иҷрошавӣ, асосан аз ҳисоби аз нақша зиёд иҷро шудани нақшаи андоз аз истифодаи захираҳои табиӣ 109,3 фоиз ё 9,0 млн. сомонӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 105,8 фоиз ё 6,9 млн. сомонӣ, андоз аз молу мулки ғайриманқул 118,1 фоиз ё 4,3 млн. сомонӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ 105,4 фоиз ё 2,8 млн. сомонӣ, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт 113,0 фоиз ё 2,2 млн. сомонӣ ва аксизҳо 117,6 фоиз ё 1,0 млн. сомонӣ таъмин гардидаанд.

Иҷрои нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 117,6 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақшаи семоҳаи аввал 559,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 423,2 млн. сомонӣ 450,8 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 6,5 фоиз ё 27,6 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ 66,4 млн. сомонӣё 17,3 фоиз зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар се моҳи соли равон 405,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи даромадҳои воқеии буҷет маблағгузории соҳаҳо таъмин карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 104,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 565,4 млн. сомонӣ ворид гардид