Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Филми “Коса”-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» дар Тошканд ба намоиш гузошта мешавад

( 0 Овоз )

12 ва 13-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад ва дар доираи ин чорабинӣ филми “Коса”-иМуассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.

Рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегирад ва тӯли ду рӯз филмҳои «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Таксӣ»-и Файзуллои Файз,  “Хоби маймун”-и Румӣ Шоазимов ва «Тангно»-и Муҳиддини Музафар намоиш дода мешаванд.

Филми «Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов аст ва он аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ» таҳия шудааст.

Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москва наворбардорӣ шудааст ва аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Филми “Коса”-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» дар Тошканд ба намоиш гузошта мешавад