Хабарҳо
Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - 19.04.2019 17:05
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти кишти пахта дар Конибодом - 19.04.2019 17:01
Ғолибияти донишҷӯни тоҷик дар олимпиадаи байналхалқӣ - 19.04.2019 16:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд - 19.04.2019 11:05
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар Конибодом то имрӯз 153 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд - 19.04.2019 08:44
Гузориш аз ҷои воқеа: "Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд..." - 19.04.2019 08:29
“Хизмати Ватан – Модар вазифаи мо - ҷавонмардон аст” - 18.04.2019 16:04
"Хуҷанд" дастаи "Дордой"-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод - 18.04.2019 09:47
Тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулот - 18.04.2019 09:03
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд - 18.04.2019 08:25

Хуҷанд. Дар семоҳаи аввали соли равон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд

( 0 Овоз )

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳр доир ба натиҷаҳои рушди хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи соли равон баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораву ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлати шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2019 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки новобаста аз таъсири омилҳои манфии беруна, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 269,6 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,2 фоизро ташкил медиҳад. Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1735 адад расида, теъдоди умумии кормандон 925 адад зиёд шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурди саноатӣ ба 161адад расидааст.

Дар ин давра номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 10 адад корхонаи саноатӣ ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷа содирот карда шудааст. Аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 33,5 фоизашон 54 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 69,5 миллион сомонӣ истеҳсол кардаанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ташаккулёбии иқтисоди бозоргонӣ раванди иҷроиши буҷет ва ислоҳоти андоз тақвият ёфта, дар натиҷа нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 104,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 96,0 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқ гардида, 3,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 9,8 млн. сомонӣ ё 11,4 фоиз барзиёд таъмин гардидааст. Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, ба ҷои 41,3 миллион сомонии пешбинигардида, 45,3 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 11,0 миллион сомонӣ ё 32,1 дарсад афзудааст. Иҷроиши нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бо тағйироташ, 40,4 миллион сомонӣ ё 99,7 фоиз таъмин гардид.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар маҷлиси фаъолон баромад карда, андешаҳои хешро дар самти суръатбахшии фаъолият дар самтҳои алоҳида иброз намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани силсилаи корҳо дар семоҳаи оянда ба ҷаласаи фаъолони шаҳр ҳусни анҷом бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Дар семоҳаи аввали соли равон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 40 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд