Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Хонандагони мактабҳои вилоят дар Олимпиадаҳои номӣ ва даставӣ ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуданд

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 6 ва 7 апрели соли 2019 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставӣ ва Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактабҳои вилояти Суғд низ иштирок намуданд.

Олимпиадаи даставии хонандагон аз ёздаҳ фанни таълимӣ - забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, география, математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣаз фанҳои табиӣ-риёзӣ (география, математика, физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ) гузаронида шуд.

Дар олимпиадаи даставӣ хонандагони боистеъдоди вилояти Суғд бо ба даст овардани  23 ҷойи ифтихорӣ  сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дар давриҷумҳуриявии Олимпиадаи номӣ бошад, 19ҷойи ифтихориро азхуд карда, дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар олимпиадаҳои номию даставӣ аз ҳама бештар хонандагони шаҳрҳои Хуҷанд (13 ҷой) ва Исфара (9 ҷой) медал ба даст оварданд. Қобили зикр аст, ки дар олимпиадаи имсолаи номию даставӣ  хонандагони шаҳру навоҳии Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Масчоҳ ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон  дар қиёс ба солҳои пешин фаъол буда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҷом, медали рамзӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таносубан ба 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хонандагони мактабҳои вилоят дар Олимпиадаҳои номӣ ва даставӣ ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуданд