Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Конибодом. Пойгоҳи обкашии «Наврӯз» пас аз солиёни дароз дубора ба кор андохта шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Конибодом пойгоҳи обкашии “Пойменная” пас аз таъмиру навсозӣ дубора ба кор андохта шуд ва номаш низ ба “Наврӯз” иваз гардид.

Пойгоҳи обкашии “Пойменная” ва ҳамакнун “Наврӯз”, ки дар қисми поёнии шаҳр дар мавзеи Тӯқай қарор дорад, солиёни зиёд аз фаъолият боз монда буд. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  пойгоҳи мазкур дар муҳлатҳои кутоҳтарин пурра таъмир гардида, ба мавсими нави кишт омода карда шуд.

Фаъолсозии пойгоҳи обкашӣ имкон медиҳад, ки  марҳила ба марҳила 1500 гектар заминҳои атрофи мавзеи Тӯқай обёрӣ карда шавад. Ба иттилои масъулини соҳаи кишоварии Конибодом танҳо дар мавсими имсола 300 гектар заминҳои ин мавзеъ ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ташаббуси мазкур дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ гардида, бо сабаби дар рӯзҳои наврӯзӣ мавриди истифода қарор гирифтанаш номи пойгоҳ ба “Наврӯз” табдил дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом. Пойгоҳи обкашии «Наврӯз» пас аз солиёни дароз дубора ба кор андохта шуд