Хабарҳо
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42
Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 25.06.2019 13:45
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2019 15:17
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш - 25.06.2019 15:26

Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

15 марти соли равон дар деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом бинои Маркази саломатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ба истифодадиҳии иншооти соҳаи тандурустӣ муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода, роҳбарияти шаҳр, масъулини соҳаи тандурустӣ ва сокинони деҳаи Диловарон иштирок намуданд.

Маркази саломатӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 250 000 сомонӣ навсозӣ гардида, дорои 16 ҳуҷраи корӣ ва табобатӣ мебошад.

Дар Маркази саломатӣ 4 духтури оилавӣ, 1 духтури амрози занона, 1 духтури дандон ва 13 корманди миёнаи тиб фаъолият мебаранд ва ба беш аз 12 000 сокинони ҷамоат хизмат мерасонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом