Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Оғози кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом

( 0 Овоз )

Рӯзи 15 марти соли равон бо иштироки муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.

Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии “Умед”-и  деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти ба номи А. Лоҳутӣ ва хоҷагии деҳқонии ба номи Р.Қосимови деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов кишти пахта оғоз ёфт.

Чуноне иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Умед” дорои беш аз 8 гектар замин буда, имсол дар 4 гектари он пахтаи навъи “Дӯстӣ-1” кишт карда мешавад. Ба иттилои раиси хоҷагии деҳқонӣ Умед Раҳимов саҳмдорони хоҷагӣ илова бар пахтакорӣ ба боғдорӣ низ машғуланд. Дар хоҷагии деҳқонии “Умед” 4,2 гектар боғи зардолу мавҷуд буда, хоҷагидорон аз ин ҳисоб низ даромади хуб ба даст меоранд.

Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Р.Қосимов бошанд тибқи нақша дар 12 гектар пахта кишт менамоянд. Хоҷагии мазкур дорои 33 гектар замин, аз ҷумла 14 гектар боғ мебошад. Низомиддин Муҳиддинов, раиси хоҷагии деҳқонӣ иттилоъ дод, ки хоҷагии деҳқонии ба номи Р.Қосимов соли 2013 пас аз таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм ташкил карда шуд ва 29 нафар саҳмдор ба парваришу нигоҳубини боғ, картошка, пахта ва дигар зироатҳо машғул мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози кишти пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии Конибодом