Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар Фестивали байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бидуни терроризм месозем!»

( 0 Овоз )

Дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин рӯзҳо Фестивали байналмилалии ҷавонон таҳти унвони "Ояндаро бидуни терроризм месозем" ҷараён дорад, ки дар он намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок доранд.

Дар фестивал ҷавонон аз вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Ӯзбекистон, аз вилояти Суғди Тоҷикистон ва аз вилоятҳои Ӯш, Ботканд ва Ҷалолободи Қирғизистон ширкат доранд.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал ҳокими вилояти Фарғонаи ҷумҳурии ҳамсоя Шуҳрат Ғаниев, муовини Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини аввали раиси вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон Бажит Юсупов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки худи шиори фестивал бозгӯкунандаи ҳадафи он мебошад. Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ, ҷидду ҷаҳд ба сулҳ ва ризоият ба ҳам алоқаманд мекунанд. Анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми мутақобилаи тарафайн заминаи устувори ҳамкорӣ мебошанд. Кишварҳои мо дар таҳкими ҳамгироии байнидавлатӣ дар самти таъмини амнияту субот ва мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ манфиати ҳамсон доранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар Фестивали байналмилалии ҷавонон «Ояндаро бидуни терроризм месозем!»