Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" баргузор хоҳад шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир рӯзҳои 21 -22 июни соли равон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 марти соли 2019, №100 ба тасвиб расид.

Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" ва дигар чорабиниҳои вобаста ба он, аз ҷумла форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ва озмуни вилоятии "Маҳсулоти беҳтарин" дар Муассисаи давлатии "Қасри варзиш"-и маркази вилоят гузаронида мешавад.

Тибқи қарори зикршуда ҳайати кумитаи тадорукот тасдиқ гардида, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка вазифадор гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" баргузор хоҳад шуд