Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба 805 нафар занон туҳфаҳо тақдим кард

( 1 Овоз )

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташкили ҷамъомади идона Рӯзи Модарро ҷашн гирифтанд.

Чорабинии идона дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид. Дар чорабинӣ нахуст сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят Муқаддам Ҳошимзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модарро ба самъи иштирокдорон расонид.

Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода низ зимни суханронии худ кулли бонувони донишгоҳро табрик гуфта, иброз дошт, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлату ҳукумати кишвар дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, оид ба нақш ва мақоми занону модарон дар ҷомеа раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои зарурӣ ва судмандро роҳандозӣ менамояд. Аз теъдоди умумии кормандони донишгоҳ, ки 1451 нафар мебошанд, 805 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Имрӯз ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа 64 нафар занону бонувон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи донишгоҳ (ноибректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо) фаъолияти пурсамар доранд.

Дар поёни чорабинӣ ба 33 нафар занону бонувон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҷоиз ба қайд аст, ки бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Модар ба 805 нафар занону бонувон – кормандони донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба 805 нафар занон туҳфаҳо тақдим кард