Хабарҳо
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42
Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 25.06.2019 13:45
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2019 15:17
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш - 25.06.2019 15:26

Таҷлили Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Рӯзи 6 март дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода кулли бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, афзуд, ки тайи солҳои охир бо ташаббус ва таваҷҷўҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи занони роҳбарикунанда бештар гардида, мақому манзалати зан-модар дар кишвар боло рафтааст.  Дар ин замина сафи занон дар донишгоҳ низ дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар гардидааст ва саҳми онҳо дар тарбияи донишҷӯён бағоят чашмрас аст.

-Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст, - илова намуд М. Шарифзода.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба занони собиқадор, ки дар донишгоҳ фаъолияти назаррас доштаанд, маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Дар охир аз ҷониби дастаҳои ҳунарии донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ манзури аҳли нишаст гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон