Хабарҳо
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42
Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 25.06.2019 13:45
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2019 15:17
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш - 25.06.2019 15:26

Оғози бунёди боғҳои интенсивӣ дар Конибодом ва Исфара

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Рӯзи 4 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳрҳои Конибодому Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят дар оғози сафар дар хоҷагии деҳқонии “Суҳроб С”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар гузашта бо сабаби норасоии оби полезӣ боғи хоҷагии деҳқонӣ хушк гардида, бо беҳтар шудани таъминоти оби полезӣ боғпарварон тасмим гирифтанд, ки дар майдони 8 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Раиси вилоят иқдоми боғпарваронро ҷиҳати иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 муфиду саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба кишоварзон барои ҳарчӣ бештар ба содирот баровардани меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дастуру тавсияҳо дод.

Зикр бояд кард, ки боғпарварӣ яке аз шуғлҳои асосии мардуми ин минтақа маҳсуб ёфта, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 2200 гектар боғҳои гуногун мавҷуд аст.

Сипас, Раиси вилоят ба деҳаи Офтобрӯяи Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара ташриф оварда, бо лоиҳаи азхудкунии заминҳо шинос шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар деҳаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Нарзулло Ӯлмасов 24 гектар замине, ки солҳои зиёд аз истифода берун монда буд, дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, боғҳои интенсивӣ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин дар 16 гектари заминҳои азхудшаванда боғи зардолу, 2 гектар боғи сиёҳолу, 1 гектар боғи чормағз, 3 гектар боғи дарахтони гуногун ва дар 2 гектар сардхонаву гармхона ташкил карда мешавад.

Соҳибкор Н. Ӯлмасов зимни суҳбат ба Раиси вилоят иброз дошт, ки азхудкунии заминҳо ва ташкили боғоти интенсивӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, амалӣ карда хоҳад шуд.

Барои таъмини саривақтии боғоти нав бо об бо ташаббуси соҳибкор дар масофаи се километр хатти об кашида шудааст ва бо беҳтар шудани вазъи таъминоти оби полезӣ ин макони дар гузашта нообод ба як гушаи зебо тадбил меёбад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят бо фаъолияти пойгоҳи Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара шинос гардид. Масоҳати умумии пойгоҳ 90 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 80 гектари он боғҳои гуногун мавҷуд мебошад. Дар ин ҷо асосан парвариши ниҳолҳои қадпаст барои бунёди боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда шуда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин мавзеъ боз дар масоҳати ду гектар боғи нав бунёд гардида истодааст.

Раиси вилоят дар аснои суҳбат бо олимону мутахассисони пойгоҳи мазкур тавсия дод, ки имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад. Зикр гардид, ки қабули барномаҳои давлатӣ дар самти рушди боғу токпарварӣ дар кишвар натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози бунёди боғҳои интенсивӣ дар Конибодом ва Исфара