Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат

( 0 Овоз )

Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месӯзад, назар намуда, аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва  Китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ намудааст.

Ба назари мо онҳо ин ҳақиқатҳоро фаромӯш накардаанд, аммо фаромӯш кардаанд, ки ҳамагӣ фарзандони  бобои Одаманд, фаромӯш кардаанд, ки онҳо ҳама дарду захмро баробар эҳсос мекунанду  саодатро инчунин  хоҳонанд ва онҳоро  умумиятҳои бузурге,  мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин  ва одамият муттаҳид кардааст. Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи мӯътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам  аст,  таҷдиди назар  намоянд.  Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз дар шароити муосир  қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намоянд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст,  асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд.  Ислом ва бузургии ӯ дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қитол, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири кадом як манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, хилофи дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.

Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.

Аз ин нуқтаи назар агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул кардаанд, назар кунем, дар нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб, хусусан тоҷикон хидматҳои амалии соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (р) аз ҳама бештар ба назар мерасанд.

Дар ибтидои асри  дуюми ҳиҷрӣ (асри ҳаштуми мелодӣ) баъди вафоти Пайғамбар алайҳис-салом асосан фатвои шаръӣ на ба тариқи хаттӣ, балки аз ҷониби соҳибфатвоҳо шифоҳӣ содир карда мешуд.

Соҳибфатвоҳо дар масъалаҳои зиёд ба дигар миллату қавмҳои ғайри миллати араб монеагиҳоро пайдо карда буданд, аз ҷумла мегуфтанд, ки Қуръонро ба дигар забон тарҷума кардан мумкин нест ва ҳар касе, ки фаҳмидани маънои онро хоҳад, бояд забони арабиро омӯзад, шарҳу таъвили Қуръон фақат бо забони арабӣ ва тафсири он бо ояту ҳадис бошад, ҳеҷ олиме ҳақ надорад, ки бо фаҳму заковат ва маърифати худ маънои онро баён кунад ва инчунин то асри тадвин, яъне асри саввуми ҳиҷрӣ иҷозат намедоданд, ки ҳадисҳои Пайғамбар алайҳис-салом навишта шаванд ва чунин масъалаҳои мубрам зиёд буданд.

Чунин ба назар мерасид, ки урфу одат, расму оин, иду ҷашнҳои миллату қавмҳои навмусулмоншуда ба инобат гирифта намешуд, манфиати миллатҳои ғайри араб сарфи назар карда мешуд.

Соли 700-уми мелодӣ Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Кӯфа дар оилаи форс-тоҷик ба дунё омад ва дар назди устодони бузург таълимоти ҳамаи улуми замони худро аз худ карда, дар байни халқ соҳибфатво шуд.

Барои Имоми Аъзам(р) ислоҳоти куллӣ дар ақида, мактаби фиқҳӣ ва андешаҳои миллӣ ва илмӣ пеш омад, ки он кори осон набуд, аммо Имоми Аъзам(р) бо роҳи оқилона чорчӯбаи муқарраргардидаро шикастанд ва аз оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф, ки арзишҳои миллиро тарғиб мекунанд, бо далелҳои раднопазир масъалаҳои шаръиро бо тариқи нав фатво доданд. Аз ҷумла, тафсир ва тарҷимаи Қуръонро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва ба шарҳу таъвили оятҳо дохил намудани баёни фикри муфассиронро низ  иҷозат доданд, ҳатто дар  намоз бо забони форсӣ-тоҷикӣ ибодатро фатво доданд. Бо ин мавқеи муайян ва навовариҳо дар таълимоти дин ин фарзанди фарзонаи миллат  ба мазаммату маломати баъзе душманони миллатҳои ғайри араб рӯ ба рӯ шуданд.

Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ  ҳар вақте ки аз Қуръон ва ҳадис далел пайдо намешуд, фикри худро бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рӯи «Қиёс»масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳо, яъне масъалаи миллиро ҳамаҷониба ҳал менамуданд.

Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани «Урф» анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросимҳои миллиро бо баёни он ки инҳо хилофи шариат нестанд, иҷозат фармуда, роҳи миллати моро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд.

Ин ҳама хидматҳои Имоми Аъзам маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ нестанд ва онҳо дар рӯзгори инсоният нақши бориз дошта, бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.

Имрӯз мо, ходимони дин дар кишвар бояд фаромӯш накунем, ки мо дар асри бисту як зиндагӣ мекунем. Мо бояд донем, ки миллати тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул кард, фарзандони ин миллат дар мисоли Имоми Аъзам, Имом Ал-Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси Кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаҳои миллат ба дини мубин ва пойдории шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузошта, муваффақ ҳам шуданд.

Барои ҳамин ҳам ман ҳамчун як фарзанди миллат, як ходими дин нооромиҳои олам ва хусусан аз дини ислом суиистифодаро дида бо ҳисси масъулият ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва хусусан ба ходимони дини кишвар муроҷиат менамоям, ки дин имрӯз ҳамчун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмати худро баҷо биёрад. Мо, ходимони дин дар пайравии ин бузургони миллат бояд дар байни мардум чунон фаъолият намоем, ки дар зиндагонӣ ва давлатдории миллии тоҷикон миллати мо зери парчами миллӣ ҷамъ ояд, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои  Пешвои миллат  бирасем, ҳамаи мо таҳти роҳбарии одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро обод кунем.

Агар мо андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва  дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
сархатиби вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат