Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Вохӯрии роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

12 феврал дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт вохӯрии ректорони донишгоҳҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳии давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир, сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Насимҷон Тошхӯҷаев,  декани факултаи электромеханикаи Донишкадаи куҳӣ-металургии  Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Мухтор Эгамов, сардори шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Икром Салимов ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба имкониятҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва шароити таҳсил маълумот доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин вохӯрӣ аз 73 муассисаи таъилимии ноҳия зиёда аз 1000 нафар хатмкунандагон иштирок намуда, аз роҳбарон ва масъулони донишгоҳу донишкадаҳо ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯрии роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт