Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ДДҲБСТ як қатор иншооти муҳим сохта мешаванд

( 0 Овоз )

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон як қатор иншооти муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои номбурда ба пешвози ин ҷашни таърихӣ дар донишгоҳ толори варзишӣ бо 500 ҷойи нишаст, нуқтаҳои тиббию санитарӣ,  ошхона, маҷлисгоҳ бо 800 ҷойи нишаст, бинои истиқоматӣ барои устодону кормандон ва хобгоҳ барои донишҷўён сохта мешавад.

-Азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, сафолакпўш гардидани роҳравҳо, кабудизор шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ далели омодагии ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ баҳри истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, - афзуд ректори донишгоҳ.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 7476 донишҷӯ таҳсил доранд ва 103 нафари онҳо аз давлатҳои хориҷаи дуру наздик мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ДДҲБСТ як қатор иншооти муҳим сохта мешаванд