Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Ғолибони даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” муайян шуданд

( 0 Овоз )

Чанде қабл дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим гузаронида шуд.

Дар озмун кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.

Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва ҳайати ҳакамони озмун аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳамин тавр дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои Раиси вилоят сазовар гаштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” муайян шуданд