Хабарҳо
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40
Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ​ - 18.06.2019 18:02
Саҳми кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар рушди санъати миллӣ назаррас аст - 18.06.2019 16:27
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” - 18.06.2019 15:37
Суғд: Дар шаҳру ноҳияҳо мумфаршсозии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст - 18.06.2019 15:17

Кристина Пронженко дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид

( 0 Овоз )

Варзишгари шинохтаи  тоҷик Кристина Пронженко дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорски Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Кристина Пронженко аз намуди  варзиши сабук дар дав ба масофаи 400 метр миёни бонувон бо натиҷаи 55.72 соҳиби ҷойи сеюм шуда, рекорди нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузошт (дар дохили толор).

Тибқи иттилои Федератсияи  варзиши сабуки  Тоҷикистон дар мусобиқа, ки аз рӯи даҳ қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м баргузор шуд, беш аз 300 нафар варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Украина ширкат намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кристина Пронженко дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид