Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

11 январи  соли 2019 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаву корхонаҳо ва дигар сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар соли 2018, ки барои мардуми кишвар соли таърихӣ маҳсуб меёбад, дар вилоят бобати амалишавии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ ва амиқ роҳандозӣ гардида, бо рӯҳбаландӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои ободониву созандагӣ амалӣ ва рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамзамон болоравии сатҳи зиндагии мардум таъмин гардиданд.

Дар ҷаласаи фаъолон муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ  доир ба  натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018 маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли сипаришуда фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз   Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба вилоят  бармеоянд, равона намуда, ба дастовардҳои шоиста шарафёб гашт.

- Дар ин давра таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои кории нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ, ва зотпарварӣ, сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуд, - таъкид намуд муовини Раиси вилоят дар маърӯзааш.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии  вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 18,3 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Cоли 2018 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба тавсеаи нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, инчунин, таъмин намудани рушди соҳа, вусъат бахшидан  ба бунёди иқтидорҳои истеҳсолии воридотивазкунанда ва  афзунгардонии  иқтидори содиротӣ низ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаришуда ба 11,3 млрд. сомонӣ баробар гардида, афзоиш 110,5 фоиз нисбати соли2017 - ро ташкил кард.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2018 дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуд, ки 1431 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллат - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 272 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода мешаванд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2018 кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 млрд. 85,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 105,2 фоиз таъмин гардид.

Дар соли сипаришуда дар вилоят истеҳсоли сабзавот 517,9 ҳазор тонна, картошка 416,0 ҳазор тонна, мевагиҳо 139,3 ҳазор тонна, ангур  61,4  ҳазор тонна, гўшт 56,5 ҳазор тонна, шир 264,9 ҳазор тонна, тухм 222,7 млн. дона, пашм 1514,3 тонна ва асал 1382,2 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 сабзавот 37,4 ҳазор тонна, картошка 91,1 ҳазор тонна, мевагиҳо 15,6 ҳазор тонна, ангур  4,2 ҳазор тонна, гўшт 1,9 ҳазор тонна, шир 9,3 ҳазор тонна, тухм 55,1 млн. дона, пашм 35 тонна ва асал 22 тонна зиёд мебошад.


Дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети вилоят барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон ба мавсими кишту кор ба ноҳияҳои Мастчоҳ 300,0 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1,0 млн. сомонӣ ва Ашт 400,0 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 1,7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Илова бар ин, ба ноҳияи Мастчоҳ барои иваз намудани 200 метр қубури баландфишори пойгоҳи обкашии “Янтоқ-2”  250,0 ҳазор сомонӣ ва барои харидории 2 муҳаррики барқӣ барои пойгоҳи обкашии “Дилварзин-2”   2,0 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Дар соли сипаришуда дар самти сохтмони иншоотҳои соҳаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 722,6 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1,4 млрд. сомонӣ равона гардид.

Илова бар ин, ба маблағи 1 млрд. 248,9 млн. сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ ва ба маблағи 493,5 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расонида шуданд.

Соли 2018 дар вилоят мактабҳо барои 2031 ҷой, кӯдакистонҳо барои  960 ҷой ва беморхонаҳо дорои  83 кати муолиҷавӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, №51 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6000 иншоот, аз ҷумла 299 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 92 муассисаи томактабӣ, 54 қасри фарҳанг, 32 боғи фарҳангию фароғатӣ,  20 гулгашт, 35 китобхона, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 50 дорухона, 249 сартарошхона, 144 ҳаммом, 203 кошонаи ҳусн, 267 маркази савдо, 329 маркази хизматрасонӣ, 122 толор ва 285 майдончаи варзишӣ, 78 майдончаи бозии кӯдакон, 41 меҳмонхона, 170 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва зиёда аз 3200 адад дигар иншоотҳо пешбинӣ гардидааст.

Амалисозии нақшаҳои тарҳрезишуда бо маром идома дошта, дар соли 2018 бо саҳмгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, сармоягузорону саховатмандон, фаъолону аҳли ҷомеъаи шаҳрвандӣ 1175 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд 100 адад автобусҳои мусофиркашон ворид гардида, сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони дохилишаҳрӣ тадриҷан баланд карда шуд.

Рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёт шароит барои таъмини иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуданд.

Дар соли 2018 нақшаи даромади буҷетидавлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба 104,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 млрд. 114,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 88,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят 1 млрд. 722,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 5,1 фоиз ё худ 82,9 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра дар вилоят 9 муассисаи таълимии нав, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Истаравшан 2 ададӣ, Бӯстон, Деваштич, Исфара, Панҷакент ва Хуҷанд 1 ададӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 адад афзудааст.

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ низ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Баҳри бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ сохтмон, таъмир ва азнавсозии 458 иншооти соҳа ба маблағи 208 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар соли 2018 сохтмони бинои нави шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон, сохтмони 17 бинои нави марказҳои саломатии деҳот дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Деваштич, сохтмони 31 бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Спитамен, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Ашт ба итмом расонида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни ҷаласа аз раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Истаравшан Баҳром Иноятзода, Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода, Мастчоҳ Ғайрат Азиззода,  Деваштич Рустам Ҷӯразода, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва дигарон пурсиш ба амал оварда, бобати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги миллӣ ва таъмини рушди соҳаҳо супоришҳои судманд дод.

Ҳамзамон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳоро вазифадор намуд, ки бобати дар сатҳи зарурӣ амалисозии иқдому ташаббусҳои нек, аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди маҳал, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”   тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷаласа Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлатӣ Саид низ суханронӣ намуда, вазъи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор дод ва ба бобати татбиқи босифати нақшаву Барномаҳои давлатӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, озмуни вилоятии “Беҳтарин маҳаллаи сол” ва дигар озмунҳо ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофотҳо тақдим гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2018