Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Суғд: Соли 2018 ба маблағи 11,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

( 0 Овоз )

Соли 2018 дар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 11,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва суръати афзоиш 110,5 фоиз таъмин гардид. Дар ин бора муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ имрӯз зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2018 иттилоъ дод.

Муовини Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2018 дар вилоят 93 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурўъ намуд, ки дар натиҷа 1431 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин таъкид гардид, ки соли 2018 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят истеҳсоли семент ба 1 млн. 140 ҳазор тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 208,9 ҳазор тонна ё 1,4 маротиба зиёд аст. Илова бар таъмини бозорҳои дохилӣ корхонаҳои истеҳсоли сементи вилоят содироти бонизоми маҳсулоти ватаниро ба давлатҳои Ўзбекистону Қирғизистон ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, давоми соли 2018 дар маҷмўъ 489 ҳазор тонна семент содирот шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,9 маротиба зиёд мебошад.

Дар конҳои ангишти вилоят бошад, зиёда аз 1,7 млн тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 226,7 ҳазор тонна ё 1,2 маротиба зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Соли 2018 ба маблағи 11,3 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид