Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд - 24.06.2019 22:53
Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд - 24.06.2019 22:50
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд - 24.06.2019 22:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:37
Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом - 24.06.2019 17:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд - 24.06.2019 14:59
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд - 24.06.2019 12:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд - 24.06.2019 12:44
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор - 24.06.2019 12:40

Бо ифтитоҳи сехи коркарди шир дар Панҷакент 12 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

9 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят нахуст дар маросими ба истифодадиҳии сехи коркарди шир иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳ расман оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, сехи коркарди шир ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби соҳибкор Аслам Эшназаров бунёд гардидааст. Дар сехи мазкур, ки ба истеҳсоли 8 намуди маҳсулоти ширӣ машғул хоҳад буд, 12 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Раиси вилоят мавриди истифода қарор гирифтани сехи коркарди ширро баҳри таъмини бозорҳои минтақа бо маҳсуоти ширӣ муфид арзёбӣ карда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти шаҳрро зарур аст, ки ҳамкории самаранокро бо бахши хусусӣ густариш бахшида, ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Сипас, Раиси вилоят бо фаъолияти сехи мурғпарварии соҳибкор Ҷовид Абулҳанов шинос гардид. Зимни шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар сехи мазкур 13 000 сар мурғ парвариш карда мешавад ва ҳамарӯза 6000 дона тухм истеҳсол ва ба бозорҳои шаҳр бароварда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти сехи мурғпарварӣ тавсия дод, ки бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам доираи фаъолиятро васеъ намуда, парвариши мурғ ва истеҳсоли тухмро афзун намоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент як қатор корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, соли сипаришудаи 2018 саноатчиёни шаҳр ба маблағи 1 миллиарду 789 миллиону 921600 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар соли сипаришуда дар шаҳр 12 корхонаҳои хурди саноатӣ ба фаъолият оғоз кардаанд, ки дар натиҷа 60 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд








Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо ифтитоҳи сехи коркарди шир дар Панҷакент 12 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд