Хабарҳо
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19

Аз шаҳри Исфара ба хориҷи кишвар 8968 тонна меваи хушк содирот шудааст

( 0 Овоз )

Cоли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Исфара  ба 379,3 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 102,1%-ро ташкил намуд. Аз ҷумла, нисбати соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 100,4% ва соҳаи чорводорӣ 104,7% таъмин карда шуд. Дар ин бора зимни баргузории маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми соли 2018 иттилоъ дода шуд.

Тибқи иттилои муовини якуми раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ дар асоси маълумоти гумрукӣ давоми соли 2018 ҳаҷми умумии содирот 141 786 тоннаро бо арзиши гумрукии 12,9 млн доллари амрикоӣ ташкил додааст, ки 9864 тоннаи он бо арзиши гумрукии 2,6 млн. доллари амрикоӣ маҳсулоти кишоварзӣ буда, аз ҷумла 8968 тонна меваи хушк, 198 тонна маҳсулоти консервагӣ, 130 тонна пиёз ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бошад дар давраи ҳисоботӣ 363,7 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017-ум 40,9 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 112,7% баробар гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аз шаҳри Исфара ба хориҷи кишвар 8968 тонна меваи хушк содирот шудааст