Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

Соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба маблағи 191,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

( 0 Овоз )

9 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолон нахуст оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2018 муовини якуми раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода гузориш дод. Зикр гардид, ки мувофиқи маълумотҳои пешакӣ нақшаи қисми даромади умумии буҷети умумии шаҳр дар соли 2018 ба андозаи 113,2 фоиз иҷро гардида, ба буҷаи давлат ба маблағи 79 млн. 241 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 9 млн. 241 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 10 млн. 331 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 112,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 20 млн. сомонии ба нақша гирифташуда ба буҷети маҳаллӣ 33 млн. 766 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 3 млн. 766 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.​

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти ҳамаи хизматрасониҳои пулакӣ ба 247 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 69,4 млн. сомонӣ зиёд ё худ 137,0 фоизро ташкил дод. Танҳо корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 191,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017  57,4 млн. зиёд мебошад.

Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз масъулини шуъбаи рушди иқтисод ва савдо, раёсати молия, нозироти андоз, шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарияти Ҷамоати шаҳраки Палос ва дигар масъулон пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба маблағи 191,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд