Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Соли 2018 дар ноҳияи Ашт 3,7 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол шудааст

( 0 Овоз )

Дар соли 2018 дар ноҳияи Ашт аз 12 корхонаи саноатии мавҷуда 10 ададаш фаъолият дошт ва 9 корхона нисбат ба соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли мҳсулотро зиёд намудааст. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли сипаришудаи 2018 иттилоъ дода шуд.

Муовини раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода зимни ироаи гузориши худ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ қайд кард, ки суръати афзоиши истеҳсолот дар ҶДММ «Рахшона » - 105,4%, ҶДММ « Пайванд ва Дӯстон » - 126,5 %, ҶСК “Матбааи Ашт”- 107,8%, ҶСП “Марҳамат”-102,4%, ҶДММ «Ширинихои Дӯсти» - 100,0%, ҶДММ «Озодалӣ» - 106,4%, КИ «Зарнигор» - 117,6 %, ҶДММ “Аштфрут” – 137,0% ва ҶДММ “Иброҳим”-100,0% таъмин карда шудааст.

Ба иттилои номбурда соли гузашта дар ноҳия 6978,4 тонна намаки ошӣ, 4573,7 тонна нахи пахта, 6630,2 тонна чигит, 515,0 тонна равған, 91,1 тонна пахтаи хоҷагӣ, 846,8 тонна нону маҳсулоти қаннодӣ, 1686,5 ҳазор дона хишти сохтмонӣ, 4150,4 метри мураббаъ дару тиреза, 15,3 ҳазор дона либоси мактабӣ ва 3,7 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол карда шудааст. Дар муқоиса ба нишондиҳандаи соли 2017 истеҳсоли нону маҳсулоти қаннодӣ – 18,6 тонна, хишти сохтмонӣ – 360,6 ҳазор дона, дару тиреза – 1006,8 метри мураббаъ, матои адрас – 2,6 ҳазор метри мураббаъ ва либоси мактабӣ – 9,8 ҳазор дона зиёд шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли 2018 дар ноҳияи Ашт 3,7 ҳазор метри мураббаъ матои адрас истеҳсол шудааст