Хабарҳо
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19

Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ва гармхонаҳои соҳибкор Сироҷиддин Набиҷонов

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

8 январи соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд аз ин муассиса боздид намуд.

Дар аснои боздид ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ҳашт гектарро ташкил мекунад ва дар он панҷ гармхона фаъолият дошта, дар бархе аз онҳо парвариши гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ аз фаъолияти сусти Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуда, холӣ мондани заминҳои обиро нишони бетаваҷҷуҳии масъулин арзёбӣ кард.

Аз истифода берун мондани қисми муайяни замин дар ин муассиса як тарафи масъала бошад, фаъолият накардани бархе аз гармхонаҳо мушкилоти дигарест, ки бояд ба зудӣ ҳал карда шавад. Раиси вилоят бо назардошти вазъи муассиса ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар шахсони масъул супориш дод, ки дар кутоҳтарин фурсат гармхонаҳо таъмир ва ба кор омода карда шаванд.

Дар баробари ин, масъулин бояд барои анҷом додани корҳои деворбандии ҳудуди муассиса, ба тартиб даровардани дарахтон, самаранок истифода намудани гармхонаҳо, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, шинонидани беш аз даҳ навъи ниҳол ва парвариши он чораҳои зарурӣ андешанд.

Сипас, Раиси вилоят ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаҳои соҳибкор Сироҷиддин Набиҷонов шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, Сироҷиддин Набиҷонов дар ҳашт гармхона парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бо заҳмати шабонарӯзӣ дар як сол се маротиба ҳосил ба даст меоварад. Имрӯзҳо дар гармхонаҳои соҳибкор барои кӯчати бодиринг корҳои омодагӣ оғоз гардида, парвариши бодиринги навъи “Орзу” ба роҳ монда хоҳад шуд. Гуфта шуд, ки аҳли заҳмат аз як гармхона то 15 тонна ҳосил ба даст меоранд ва маҳсулоти тару тоза ба бозорҳо бароварда мешавад.

Раиси вилоят ба фаъолияти назарраси соҳибкор баҳои баланд дода, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаи беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда буданд. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки барои зиёд намудани масоҳати гармхонаву сардхонаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ созем. Дар ин раванд ба Сироҷиддин Набиҷонов низ тавсия дода шуд, ки доираи фаъолиятро васеъ намуда, ҷиҳати ташкили гармхонаҳои нав камари ҳиммат бандад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздик 150 гармхона мавҷуд буда, дар онҳо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ва гармхонаҳои соҳибкор Сироҷиддин Набиҷонов