Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ашт дар маҷлиси фаъолони ноҳия ширкат варзид.

Маҷлиси фаъолон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифт ва дар он дар баробари роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода низ иштирок доштанд.

Раиси вилоят дар оғози маҷлис аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ёдовар шуд ва илова намуд, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии  вилоят корҳои азими созандагӣ идома дорад.

Баъдан оид ба рафти корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Ашт раиси ноҳия Зариф Мирдадо гузориш дод. Дар гузориш зикр гардид, ки дар соли 2018 мувофиқи нақшаи чорабиниҳо 54 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар соли 2019 сохтмон, навсозӣ ва таъмири асосии 44 иншоот, соли 2020 бошад 15 ва дар соли 2021бошад 26 адад ба нақшагирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, барои сазовор истиқбол гирифтани 30-солагииИстиқлолият дар ноҳия корҳои ободонӣ бо маром идома дорад.

Раиси вилоят бо таҳлили рафти корҳои бунёдкорӣ ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод. Ба масъулин ҳамзамон ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳо, бунёди боғу токзорҳои нав, амалисозии барномаҳои давлатӣ, таъмири мактабҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ супоришҳо дода шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода зимни баромади худ аз вусъат ёфтани корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ашт изҳори хушнудӣ намуда, нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Ашт