Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Бо татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ Тоҷикистон чун давлати содироткунандаи маҳсулоти рақобатпазир муаррифӣ хоҳад шуд

( 0 Овоз )

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Истиқлол дар мамлакат чун як шаҳри ҷавон бо дурнамои мусаффои саноатӣ муаррифӣ мешавад. Пешвои муаззами миллат соли 2017 дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд ба шаҳри Истиқлол ташриф оварданд ва зимни ифтитоҳи бузургтарин корхонаи металлургӣ дар Осиёи Марказӣ бо иқтидори тавлиди 50 ҳазор тонна руҳ, 50 ҳазор тонна сурб ва таъсиси зиёда аз 300 ҷойи нави корӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дорои тамоми шароит ва захираҳои ақлониву табиист,  то дар муддати кӯтоҳ ба як кишвари рушдёфтаи саноативу аграрӣ табдил ёбад.

Ҳоло дар шаҳри Истиқлол ҷиҳати рушди воқеии  соҳаи саноат дар масоҳати қариб 70 гектар минтақаи саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар ояндаи наздик ин ҷо боз  силсилаи коргоҳҳои тавлидотӣ бо муҳайё кардани  зиёда аз 1200 ҷойи нави корӣ бунёд хоҳанд шуд. Яъне, дар ояндаи начандон дур Истиқлол ба шаҳри рушдёфтаи иқтисодӣ бо саноати истеҳсолии рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки то фарорасии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз қабили истеҳсоли оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сабикаҳои мисӣ, оҳак, маҳсулоти ширӣ мавриди истифода қарор дода шаванд. Ҳамзамон, тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногуни зарурӣ дар маркази таваҷҷуҳ аст. Амалӣ гаштани ин иқдому тасмимҳо шароит фароҳам меоварад, ки яке аз масоили мубрами иҷтимоӣ -  таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳаллу фасл шуда, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ  ба куллӣ коҳиш ёбад.

Бешубҳа, муваффақ шудан ба саноатикунонӣ чун ҳадафи чоруми миллӣ ва гузариш аз рушди аграрӣ ба саноатию аграрӣ имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистон солҳои наздик дар ҷаҳон чун давлати содироткунанда бо номгӯйи зиёди маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ муаррифӣ шавад.

Худойназар  АМОНЗОДА,
раиси шаҳри Истиқлол

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ Тоҷикистон чун давлати содироткунандаи маҳсулоти рақобатпазир муаррифӣ хоҳад шуд