Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо сокинони ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

3 январи соли равон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода ҷиҳати тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот кард.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, Ашӯрбой Солеҳзода зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини Паёми Сарвари давлатро тавзеҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуд.

Ашӯрбой Солеҳзода ҳамчунин доир ба амалӣ шудани як қатор лойиҳаҳои сармоягузорӣ, зиёд гардидани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ андешаҳои худро баён намуд.

Дар анҷом раиси ноҳия Зариф Мирдадо сипосмандии сокинони ноҳияро барои чунин як вохӯрии судманд ба Солеҳзода Ашӯрзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ изҳор дошта, бо ёдоварӣ аз ободиву навгониҳои ноҳия таъкид кард, ки сокинони ноҳия бо татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат 30-солагии Истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо сокинони ноҳияи Ашт