Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Устодону донишҷӯёни ДДХ иқдоми Пешвои миллат оид ба эълон намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хуш истиқбол намуданд

( 1 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Пас аз тамошои Паём устодону донишҷӯён иқдоми Пешвои миллат оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хуш истиқбол намуданд.

Воқеан ҳам имрўз соҳаи сайёҳӣ дар бештари мамолики дунё яке аз соҳаҳои сердаромадтарин ба ҳисоб меравад, ки он баробари таъсиррасонӣ ба ғанӣ гардидани буҷаи давлат, ба баланд шудани сатҳи некўаҳволии мардум мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, сол аз сол сафи сайёҳон ва таваҷҷуҳи онҳо ба минтақаҳои сайёҳии кишварҳои гуногун бештар гардида истодааст. Чунончӣ аз маълумоти омории расмии соли 2017 бармеояд, дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуда, мувофиқи пешбинии мутахассисони соҳа, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳ намудан ба рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ин ё он кишвар яке аз мавзўъҳои муҳимму фаъолияти самараноку манфиатбахш ба ҳар оилаву ҷамъият боқӣ хоҳад монд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои мутараққии дунё имконияти бештарро доир ба саёҳату сайёҳӣ соҳиб мебошад. Кўҳҳои осмонбўс, обҳои мусаффо, кўлҳо, дарёҳо ва баҳрҳои хурду бузург, табиати зебову нотакрор, ҷойҳои таърихиву метавонад таваҷҷуҳи сайёҳони дохилиро ҷалб намояд.

Маҳз бо назардошти чунин имкониятҳои фарох Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш солҳои 2019-2021”-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд. Ин имконият медиҳад, ки базаи моддиву техникии соҳаи сайёҳӣ, иншоотҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳамагуна намуди хизматрасониҳо ба шароити ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шуда, ҳамчун манбаи даромаднок барои давлату миллат ва ҷомеа истифода шавад. Дар ин замина, давоми соли 2018 якчанд тадбирҳои муҳим аллакай роҳандозӣ шуданд, ки он минбаъд барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат хидмат хоҳад намуд.

Ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва эҳёи ҳунарҳои мурдумӣ аз якчанд ҷиҳат ба ҷомеаи мо манфиат хоҳад овард:

1.  Бо ҷойҳои корӣ ё корҳои мавсимии даромаднок таъмин намудани шаҳрвандон дар ширкатҳои сайёҳии мамлакат ҳамчун роҳбалад, тарҷумон, ронанда, ҳунарманд ва дигар хизматрасониҳо;

2.  Ба фурўш рафтани маҳсули меҳнати пазандагону ҳунармандон, дўзандаю армуғонсозон, кашидадўзон, қолинбофу зардўзон, рассомону кандакорон ва дигар ҳунарҳои мардумии сокинони мамлакат;

3.  Ғанӣ гардидани буҷаи давлат, оила ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум;

4.  Тарбияи экологию зебоипарастӣ, маънавию маърифатӣ, рўҳию равонӣ ва шинохти таъриху фарҳанги кишвар аз ҷониби шаҳрвандон;

5.  Таъсиррасонӣ ҷиҳати аз байн рафтани муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва низоъҳо дар оила ва ғайра.

Хулоса, минбаъд дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои соҳибкорону ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, бунёди иншооти сайёҳӣ ва идома додани анъанаҳои неки созандагиву бунёдкорӣ барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши муассир хоҳад бозид. 

Фаридун Ҳодибоев,
номзади илмҳои фалсафа, сардори маркази иттилоот
ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Устодону донишҷӯёни ДДХ иқдоми Пешвои миллат оид ба эълон намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро хуш истиқбол намуданд