Хабарҳо
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.01.2020 16:24
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара - 29.01.2020 15:50
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 29.01.2020 13:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58

Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами даватӣ бунёд мешавад

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Рӯзи 18 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшид. Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат сокинонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолият дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони Парчами давлатӣ дар шафати Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ва дар масоҳати 1 гектар бунёд мегардад. Майдон дорои гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо хоҳад буд, ки ба ҳусни ҷамоат шукуҳи хоса зам менамояд.

Сокинони ҷамоат аз густариши корҳои ободонӣ изҳори хушнудӣ намуда, сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами даватӣ бунёд мешавад