Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён бо донишҷӯён мулоқот орост

( 0 Овоз )

5 декабри соли равон тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён бо ҷавонони шаҳр, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят таҳсил менамоянд, доир шуд.

Мулоқотро сардори Раёсати маорифи вилоят  Осим  Каримзода ҳусни оғоз бахшид ва сипас Ислом Шафеиён ба донишҷӯён доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 - солагии Саразми бостонӣ маълумот дод.  Иттилоъ дода шуд, ки аз шаҳри Панҷакент дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 923 нафар таҳсил доранд ва ҷавононро зарур аст, ки илмҳои замони муосирро азхуд намуда, барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Донишҷӯён дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо раиси шаҳр оид ба масъалаҳои гуногун саволҳо дода, посухҳо гирифтанд.

Дар ин рӯз ба як қатор донишҷӯён дар ҳаҷми 100 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуда, дар охир барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён бо донишҷӯён мулоқот орост