Хабарҳо
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо 250 нафар ятими кул дар шаҳри Норак - 20.03.2019 13:45

Хуҷанд: 459 нафар ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд

( 0 Овоз )

Дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд, ғолибони даври шаҳрии олимпиадаро аз номи роҳбарияти шаҳр муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мактабу маориф, илму маърифат, таълиму тарбия ба ҳамагон мисли офтоб равшан аст. Зеро илму маориф омили асосии саодати миллат ва бақои човидонагии халқу давлат аст. Бе инкишофи илму маориф ва таълиму тарбияи шоиста таъмини пешравӣ ва шукуфоӣ дар ҷомеа номумкин аст. Ниёгони сарбаланди мо илму донишро бузургтарин сарвати зиндагӣ ҳисобида ганҷи хирадро аз ҳама ганҷҳои дигар воло шумурданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз синфҳои 5-11 1822 нафар хонандагон дар олимпиадаи шаҳрӣ ширкат варзида, маҳорату малокаи хешро имтиҳон намуданд. Аз синфҳои 5-8 198 нафар ва аз синфҳои 9-11 бошад 261 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Сипас, ба ғолибони олимпиада диплом ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд: 459 нафар ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд