Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд - 24.06.2019 22:53
Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд - 24.06.2019 22:50
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд - 24.06.2019 22:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:37
Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом - 24.06.2019 17:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд - 24.06.2019 14:59
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд - 24.06.2019 12:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд - 24.06.2019 12:44
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор - 24.06.2019 12:40

Баргузории конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Мо арзандаи ҳаёти осоишта”

( 0 Овоз )

Дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон” дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолзанон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, раисони Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Мо арзандаи ҳаёти осоишта” баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур прокурори калони Прокуратураи вилоят Фирдавс Ҳусейнзода, мудири шуъбаи умумии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Каромат Набизода, имомхатиби масҷиди ҷомеи “Бобохоҷа”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саиднозим Саидикромов, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” Сабоҳат Бобоҷонова, мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Шаҳбоз Ахмедов, мушовири оилавии маркази машваратию иттилоотӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Р.Бобоева бобати пешгирии хушунати хонаводагӣ, хушунат аз нигоҳи ислом, роҳҳои пешгирии зӯроварӣ маърӯзаҳо намуданд.

Дар анҷом сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нигора Ғаффорзода оид ба омода намудани ҷавонон ба оилаву оиладорӣ, якдигарфаҳмӣ, муносибати хуб бо аъзои оила, гиромӣ доштани арзишҳои оиладорӣ андешаҳои худро баён дошт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Мо арзандаи ҳаёти осоишта”