Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Рӯйхати гирандагони грантҳои Раиси вилояти Суғд дар соли 2018

( 1 Овоз )

Тавре иттилоъ дода будем, 5 декабри соли 2018 дар Қасри Арбоб маросими супоридани грантҳои Раиси вилояти Суғд ба занони ҳунарманд баргузор шуд ва ба 60 нафар бонувон 420 000 сомонӣ грант тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 187 адад лоиҳаҳои дархостӣ аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ҳунарҳои гулдўзӣ, қуроқдўзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, кулогарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, 60 адади он дастгирӣ ёфт. Ҳоло рӯйхати гирандагони грантҳои Раиси вилоят дар соли 2018 пешниҳод карда мешавад.

Барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ шахсони зерин ба маблағи 10 000 сомонӣ грантҳоро дарёфт намуданд:

Шарипова Мавлуда - барои таъсиси коргоҳи ҳунарҳои миллии «Армуғон»;

Ахмедова Муҳиба – барои таъсииси коргоҳи кулолгарӣ;

Худоёрова Гулан – барои таъсиси коргоҳи қолинбофии «Бонуҳо»;

Ҷӯраева Меҳрангез - барои ташкили коргоҳи асбобҳои мусиқии миллӣ;

Ғафурова Нина – барои таъсиси маркази рушди маъюбон бо номи «Духтарони чилҳунар»;

Саидова Гулафрӯз – барои ташкили коргоҳи қолинбофӣ ва қуроқдӯзӣ;

Абдуллоева Юлдузой – барои васеъ намудани коргоҳи қолинбофӣ; Зоидова Мадина – барои ташкили коргоҳи дӯзандагии «Сеҳри ҳунар»;

Солиева Фароғат – барои ташкили маҳфили ҳунарҳои миллӣ бо номи «Гулдаста»;

Мизомова Хуршеда – барои ташкили коргоҳи «Чакманбофӣ»;

Сайдалиева Хосият – барои таъсиси коргоҳи кандакории чӯб;

Устопирова Лойиҳатпочо – барои ташкили маҳфилҳои миллии йӯрмадӯзӣ, ҷомадӯзӣ ва дӯзандагӣ;

Саидмуродова Сабоҳат – барои таъсиси коргоҳи оҳангарӣ;

Шохоҷаева Сабоат – барои дӯхти либосҳои миллӣ бо нақшу нигори қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ ва рушди ҳунари мӯҳрабофӣ;

Худойназарова Ситорамо – барои таъсиси коргоҳи хурди дӯзандагию бофандагӣ.

Барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ шахсони зерин ба маблағи 8 000 сомонӣ грантҳоро дарёфт намуданд:

Абдусамадова Шарофатҷон – барои эҳёи ҳунари созтарошӣ ва найсозӣ;

Авлиёева Шоиста – барои ташкили маҳфили хонагии «Кулолгарӣ»;

Ҳисомова Барно – барои таъсиси сехи бофандагӣ бо номи «Барги сабз»;

Гурдофариди Мурод – барои ташкили коргоҳи хурди адрасбофӣ;

Ҷӯрабоева Шириной – барои ташкили коргоҳи адрасбофӣ;

Улҷаева Меҳргона – барои ташкили коргоҳи атласу адрасбофӣ;

Шаробиддинова Марҳабо – барои ташкили коргоҳи дӯзандагии «Либоси мактабӣ»;

Абдурасулова Саодат – барои таъсиси маркази дӯзандагии «Зевар»;

Ҳомидова Шаҳодат – барои таъсиси коргоҳи сабадбофӣ;

Собирова Парвина – барои ташкили маркази қолинбофии «Қолинҳои Деваштич»;

Олимқулова Садоқат – барои густариши нақшдӯзии муосир;

Отаҷонова Гулбаҳор – барои таъсиси коргоҳи адрасбофии «Тоҷи заррин»;

Бобоҷонова Нигора – барои таъсиси маҳфили йӯрмадӯзӣ ва дӯзандагӣ;

Ҳусаинова Бибиҳоҷар – барои ташкили коргоҳи қолинбофии «Зарфишон»;

Олимова Бибиҳомида – барои ташкили коргоҳи дӯзандагии «Гулдастон».

Барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ шахсони зерин ба маблағи 5 000 сомонӣ грантҳоро дарёфт намуданд:

Муталибзода Зулола – барои рушди ҳунари адрасбофӣ ва дӯхти либосҳои миллӣ;

Маҷидова Фирӯза – барои эҳёи маводҳои армуғонӣ;

Ризоева Ҳурматой – барои маҳфили қуроқдӯзӣ бо номи «Чимилиқ»;

Қодирова Сарвиноз – барои ташкили коргоҳи хурди кашидадӯзӣ;

Шарипова Замира – барои эҳёи кундалдӯзӣ;

Маҳмудова Сабоҳат – барои ташкили коргоҳи «Ҳунарҳои миллиро меомӯзем»;

Тошмурзаева Эътибор – барои ташкили сехи хурди таълимӣ-истеҳсолии ҳунарҳои мардумӣ;

Мамадҷонова Шаҳло – барои таъсиси коргоҳи либосҳои арӯсии «Арӯсак»;

Абдураҳмонова Ханигул – барои гилемҳои зебои дастибоф;

Ҷалилова Зиннатой – барои эҳёи ҳунари кулолгарӣ;

Нарзуллоева Бибиробиа – равнақ додани ҳунари сабадбофӣ ва эҳё намудани анъанаҳои миллӣ;

Сулаймонова Муслима – барои ташкили коргоҳи адрасбофӣ;

Норматова Рухсора – барои таъсиси сехи адрасбофӣ бо номи «Ҳунари ман- мояи ифтихорам»;

Пардаева Макнуна – барои ташкили маркази дӯзандагӣ, қуроқдӯзӣ ва сӯзанидӯзӣ;

Самандарова Шамсия – барои ташкили маҳфили ҷомадӯзӣ ва қуроқдӯзӣ;

Мирзалиева Дилрабо – барои таъсиси коргоҳи гилкорӣ, гаҷкорӣ ва оҳангарӣ;

Иброҳимова Нодира - барои таъсиси коргоҳии дӯзандагии «Ҳунар беҳ аз симу зар»;

Кенҷаева Дилафрӯз – барои ташкили маркази омӯзишии ҳунарҳои миллӣ барои занону духтарони имконияташон маҳдуд;

Тоҳирова Манзура – васеъ намудани коргоҳи қолинбофии «Қолинбофии дастӣ»;

Раҳматова Дилбар – барои ташкили коргоҳи кулолгарӣ ва армуғонсозӣ;

Эшонқулова Фотима – барои ташкили коргоҳи дӯзандагӣ;

Шокирова Бароҳат – барои ташкили коргоҳи йӯрмадӯзӣ барои занон ва духтарони хонашин;

Султонова Гулором – барои ташкили коргоҳи «Қуроқдӯзи моҳир»;

Мирҷумаева Тоҷинисо – барои ташкили коргоҳи дӯзандагии «Фараҳноз»;

Расулова Манзура – барои таъсиси сехи дӯзандагии «Манзура»;

Раҳимова Заррина – барои таъсиси коргоҳи қаннодии " Шириниҳои миллӣ";

Робиева Гулчеҳра – барои афзун намудани номгӯй ва навъи ҳунарҳои мардумӣ;

Раҳматова Маърифат – барои таъсиси коргоҳи дӯзандагии «Фидоии ҳунар»;

Нурова Сабоҳатой – барои ташкили Маркази атласу адрасбофии «Иқболой»;

Шодиева Таҳмина – барои ташкили коргоҳи дӯзандагии «Марворид».

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рӯйхати гирандагони грантҳои Раиси вилояти Суғд дар соли 2018