Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Ба 17 нафар ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2018» мукофотпулиҳо супорида шуд

( 0 Овоз )

5 декабр дар Қасри Арбоб бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2018» баргузор шуд.

Тавре дар чорабинии мазкур иттилоъ дода шуд, Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ гузаронида шуд.

Фестивали вилоятии “Атласу адраси Суғд-2018” дар ду давр - даври аввали он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал баргузор шуда буд.

Фестивал дар чанд бахш ҷараён гирифт ва довталабон барои ғолибият намунаҳои либосҳои омодакардаи худро пешниҳоди ҳакамон намуданд. Дар натиҷа Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2018» ва 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ насиби тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд Нилуфар Тоҷибоева гардид.

Дар бахшҳои “Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ”, “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ” ва “Беҳтарин либоси идона” низ ғолибон муайян гардиданд. Дар зер ному насаби ғолибони бахшҳо оварда мешавад:

Ғолибони бахши «Беҳтарин либоси кӯдакона»:

Ҷойи якум ва 3000 сомонӣ ба тарроҳ Набиева Малоҳат аз ноҳияи Ҷаббор Расулов;

Ҷойи дуюм ва 2500 сомонӣ ба тарроҳ Зарипова Гулистон аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ;

Ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ ба тарроҳ Ҷӯраев Хуршед аз шаҳри Конибодом.

Ғолибони бахши «Беҳтарин либоси расмӣ»:

Ҷойи якум ва 3000 сомонӣ ба тарроҳ Норчаева Гулҷаҳон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

Ҷойи дуюм ва 2500 сомонӣ ба тарроҳ Каримова Дилафрӯз аз ноҳияи Айнӣ;

Ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ ба тарроҳ Шодиева Ойимхон аз  ноҳияи Зафаробод.

Ғолибони бахши «Беҳтарин либоси идона»:

Ҷойи якум ва 4000 сомонӣ ба тарроҳ Бердиева Орзугул аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

Ҷойи дуюм ва 3000 сомонӣ ба тарроҳ Муҳаммадиева Зиёда аз шаҳри Истаравшан;

Ҷойи сеюм ва 2500 сомонӣ ба тарроҳ Нарзуллоева Зулола аз шаҳри Исфара.

Ғолибони бахши «Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ»:

Ҷойи якум ва 4000 сомонӣ ба тарроҳ Хоҷаахмедов Абӯбакр аз шаҳри Панҷакент;

Ҷойи дуюм ва 3000 сомонӣ ба тарроҳ Ашӯрматова Каромат аз шаҳри Хуҷанд;

Ҷойи сеюм ва 2500 сомонӣ ба тарроҳ Саидова Зӯҳро аз  ноҳияи Спитамен.

Мукофотпулӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ:

Ҷойи якум ва 3000 сомонӣ ба Бобоҷонова Нигора - донишҷӯи курси 3 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ;

Ҷойи дуюм ва 2500 сомонӣ ба Шокаримова Фирӯза тарроҳ аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон;

Ҷойи сеюм ва 2000 сомонӣ ба Баҳодурова Фарангиз донишҷӯи курси 3 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Инчунин барои иштироки фаъолона ба Бобоҷонова Манижа - донишҷӯи курси 3 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳаҷми 1500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба 17 нафар ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2018» мукофотпулиҳо супорида шуд