Хабарҳо
Наврӯз ва ифротгароӣ - 23.03.2019 22:50
Наврӯз - 23.03.2019 22:46
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ - 23.03.2019 22:39
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29

Тақдими мукофотпулиҳо ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ

( 1 Овоз )

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 18 июли соли 2018, №309 Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.

Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, тарғиби либоси миллӣ, тараққӣ додани санъати ҳунармандӣ, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон давоми моҳҳои июл – ноябри соли равон ҷараён гирифт. Дар Фестивал-озмун шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳунармандони алоҳида бо пешниҳоди маҳсулоти ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи пурмазмуни фарҳангӣ иштирок намуданд.

Ба ғолибон аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 3 000 сомонӣ, 2 000 сомонӣ ва 1 000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун имрӯз, 5 декабр дар Қасри Арбоб сурат гирифт.

Аз рўи номинатсияҳои муқарраршуда шахсони зерин ва намояндагони шаҳру навоҳӣ ғолиб дониста шуданд:


а) бофандагӣ

Ҷойи якум – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷойи дуюм – ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

Ҷойи сеюм –ноҳияи Спитамен


б) дўзандагӣ

Ҷойи якум – шаҳри Хуҷанд

Ҷойи дуюм– ноҳияи Мастчоҳ

Ҷойи сеюм – ноҳияи Деваштич

в) барномаи фарҳангӣ

Ҷойи якум – ноҳияи Зафаробод

Ҷойи дуюм – ноҳияи Спитамен

Ҷойи сеюм – шаҳри Бўстон


г) армуғонсозӣ

Ҷойи якум – Раҳимов Акрамҷон аз шаҳри Конибодом

Ҷойи дуюм – Казакова Санавбар аз ноҳияи Шаҳристон

Ҷойи сеюм – Шарифов Абдураҳим аз шаҳри Хуҷанд


ғ) кулолгарӣ

Ҷойи якум – Раҳимов Қиёмиддин аз ноҳияи Айнӣ

Ҷойи дуюм –Сангинов Маъмур  аз ноҳияи Деваштич

Ҷойи сеюм – Рауфов Абдуманнон аз шаҳри Исфара


д) оҳангарӣ

Ҷойи якум – Умаров Аҳмад аз шаҳри Панҷакент

Ҷойи дуюм –  Абдухалилов Бахтиёр аз ноҳияи Ашт

Ҷойи сеюм – Аюбов Ислом аз шаҳри Истаравшан


е) чўбкорӣ

Ҷойи якум – Мансуров Алиҷон аз ноҳияи Шаҳристон

Ҷойи дуюм – Хоҷаев Насриддин аз шаҳри Истаравшан

Ҷойи сеюм – Мадиев Ҳамидулло аз ноҳияи Ҷаббор Расулов


ё) ресандагӣ

Ҷойи якум – Абдуҳакимова Мағфират аз ноҳияи Зафаробод

Ҷойи дуюм – Турсунқулова Шаҳрия аз шаҳри Истиқлол

Ҷойи сеюм – Ҷўраева Шаҳло аз шаҳри Гулистон


ж) рассомӣ

Ҷойи якум – Тоҳирҷонов Мубин аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷойи дуюм – Абдуллоев Бунёд аз шаҳри Конибодом

Ҷойи сеюм – Валиев Ихтиёрбек аз ноҳияи Ҷаббор Расулов

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тақдими мукофотпулиҳо ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ