Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Қадршиносии ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон ва озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018»

( 3 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 8
  • Минбаъда

4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими қадрдонии ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон, озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят ва озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аҳли илму адаб, устодону донишҷӯён ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи вилоят, кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки таваҷҷуҳ ба илму адаб, маънавиёту фарҳанг, вусъат бахшидани рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ, забономўзӣ, китоб ва китобхонӣ, омўзиш ва азхуд намудани технологияҳои муосири замонавӣ, ихтироъ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон дар сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосӣ дорад.

Таъкид карда шуд, ки 30 майи соли 2018, таҳти №226 бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварон, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят қарори Раиси вилоят “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз он рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят мебошад.

Имрўз баробари рушду такомули технологияи муосир, истифодаи васеи воситаҳои техникии пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионии таълим, ташаккули робитаи мустаҳками илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмӣ - иттилоотӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва донишманду навовар аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа маҳсуб мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки дар бахши наврасони то синни 16-солаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон ҷойи 1-умро хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Донёрбек Мирҳомидов ва дар бахши ҷавонон ҷойи 2-юмро донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Қайюмов Бобоҷон соҳиб шуданд.

- Мо имрўз ин ихтироъкорони ҷавонро қадрдонӣ намуда, боварии комил дорем, ки минбаъд сафи чунин наврасону ҷавонон зиёд мегардад ва бо нерўи хиради онҳо илми тоҷик дастовардҳои намоёнеро соҳиб мегардад, - зикр дошт Раиси вилоят.

Ҳамзамон, ба хотири татбиқи амалии сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат вобаста ба китобдорию китобхонӣ соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» эълон шуда буд.

Дар озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018” Китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона-филиали №2 деҳаи Ғўлакандози Ҷаббор Расулов, китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ ғолиб дониста шуданд.

Дар бахши «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» низ хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, ки боиси ифтихори устодону муаллимон ва волидайни онҳо мебошад. Дар бахши хонандагони озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Ҳошимова Меҳринисо -хонандаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд, Қурбонбоев Ҷамшед - хонандаи Гимназияи «Кавсар»-и шаҳри Хуҷанд ва Алиқулова Ситора - хонандаи МТМУ №1-и шаҳри Гулистон соҳиб гаштанд. Дар бахши донишҷӯён ҷойи аввалро Қодирзода Оростамоҳ - донишҷӯи ДДҲБСТ, ҷойи дуюмро Содиқова Парвина - донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюмро Ахмедҷонова Ирода -донишҷӯи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ишғол карданд.

Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон ва ба китобдорону китобхонҳои беҳтарин диплом, ҷоиза ва мукофотҳои хотиравиро тақдим дошт.

Изҳори назар карда шуд, ки кормандони соҳа бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобию иттилоотӣ боз ҳам тадбирҳои амиқ андешида, пешравии соҳаро дар ҳамаи самтҳо таъмин менамоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намоишномаи басо муассир дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуxандӣ пешкаши аҳли толор гардид, ки завқбахши дилу дидаҳо буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қадршиносии ғолибони озмуни ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон ва озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018»