Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Нуробод мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:55
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод майдончаи футболбозиро ифтитоҳ карданд - 24.06.2019 22:53
Сарвари давлат дар ифтитоҳи марҳилаи якум ва оғози корҳо дар марҳилаи дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод иштирок намуданд - 24.06.2019 22:50
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод маркази хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд - 24.06.2019 22:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд - 24.06.2019 22:37
Шиносоии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо рафти барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом - 24.06.2019 17:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд - 24.06.2019 14:59
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд - 24.06.2019 12:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ ва тақдими туҳфаҳо ба шахсони ниёзманд дар ноҳияи Сангвор иштирок намуданд - 24.06.2019 12:44
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор - 24.06.2019 12:40

Сокинони маҳаллаи Ваҳдатободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби хушсифати ошомиданӣ таъмин шуданд

( 0 Овоз )

Сокинони маҳаллаи Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо оби хушсифати ошомиданӣ таъмин шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ба истиқболи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Даҳсолаи байналмилаллии амал "Об барои рушди устувор" дар маҳаллаи Ваҳдатобод бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд. Қабл аз ин мардум бо душворӣ ва тай намудани чандин километр роҳ аз дигар маҳаллаҳо об меоварданд ва бо бунёди ин чоҳ мушкилӣ бартараф гардид. Маҳаллаи Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ки қаблан Ятимчуқи номида мешуд, аз маҳаллаҳои навбунёди ноҳия маҳсуб меёбад, ки аз ин минтақа алакай 243 га замин ба 1700 оилаи эҳтиёҷманд тақсим гардидааст.

Ба иттилои манбаъ дар соли ҷорӣ дар 3 мавзеи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чоҳҳои амудӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон бо дастгирии роҳбарияти ноҳия хатти оби нӯшокӣ тармим ва дар маҳаллаи Азизободи деҳоти Мастчоҳ бунёди чоҳи амудӣ бо ин мақсад идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сокинони маҳаллаи Ваҳдатободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби хушсифати ошомиданӣ таъмин шуданд