Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Бо дастгирии Раиси вилоят ба 20 нафар журналистон барои истироҳат дар осоишгоҳ роҳхат тақдим шуд

( 1 Овоз )

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба 20 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва журналистони собиқадору соҳибтаҷрибаи вилоят ба Осоишгоҳи Баҳористон роҳхат дода шуд.

Дар охирон нишасти матбуотии Раиси вилоят, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифта буд, аҳли қалам аз Раиси вилоят дархост намуда буданд, ки бо мақсади ҳавасмандкунии кормандони воситаҳои ахбори омма теъдоде аз журналистон ба истироҳату табобат фаро гирифта шаванд.

Дархости рӯзноманигорон аз ҷониби Раиси вилоят хуш пазируфта шуда буд ва ҳамакнун бо кӯмаки роҳбарияти вилоят гуруҳи 20 нафараи журналистон бори аввал ройгон ба истироҳатгоҳ фиристода мешаванд.

Ин иқдоми шоиста боиси қаноатмандию сарфарозии рӯзноманигорон гардида, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба ғамхорию дастгириҳо бо меҳнати фидокорона ҷавоб мегӯянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бо дастгирии Раиси вилоят ба 20 нафар журналистон барои истироҳат дар осоишгоҳ роҳхат тақдим шуд