Хабарҳо
Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - 19.04.2019 17:05
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти кишти пахта дар Конибодом - 19.04.2019 17:01
Ғолибияти донишҷӯни тоҷик дар олимпиадаи байналхалқӣ - 19.04.2019 16:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд - 19.04.2019 11:05
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар Конибодом то имрӯз 153 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд - 19.04.2019 08:44
Гузориш аз ҷои воқеа: "Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд..." - 19.04.2019 08:29
“Хизмати Ватан – Модар вазифаи мо - ҷавонмардон аст” - 18.04.2019 16:04
"Хуҷанд" дастаи "Дордой"-и Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод - 18.04.2019 09:47
Тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулот - 18.04.2019 09:03
Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд - 18.04.2019 08:25

НБО “Роғун” кафолати фардои мунаввари Тоҷикистон аст

( 0 Овоз )

Санаи 16 ноябри соли равон дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боз як рӯйдоди саодатофарин ба вуқуъ пайваст, ки бегумон ба оғози боз як марҳилаи нави рушд ва тараққиёти кишвар асос гузошт. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии “Роғун” тавассути  раҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллати тоҷик ин рӯзи мунаввар ва пурнишотро бо ҳуруфи зарҳалӣ сабт намуд, ки боиси афзудани шодиву фараҳи тамоми мардуми кишвар, тамоми тоҷикони бурунмарзӣ ва сокинони кишварҳои ҳамҷавор гардид.

Мо ҳамагон огаҳӣ дорем, ки бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии “Роғун” пеш аз ҳама маҳсули талош ва корномаҳои босуботи Пешвои миллати тоҷик ва дастгирии самимонаи мардуми тоҷик аз тарҳи бунёди ин неругоҳ ба шумор меравад. Онгуна ки дар суханронии хеш низ Пешвои миллат қайд намуданд, ҳануз моҳи январи соли 2010 бо камоли сидқу ихлос ба мардуми шарафманди тоҷик барои бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” муроҷиат намуданд, ки бояд он ҳамчун неругоҳ ва иншооти бузурги миллӣ тавассути нерӯи созандаи халқи азизи Тоҷикистон бунёд гардад. Хушбахтона, сокинони шарафманди мамлакат, тоҷикони бонангу номус ва шаҳрвандони ватандӯсти мо, ки дар кишварҳои мухталиф кору фаъолият доранд, ин муроҷиати Пешвои миллатро содиқона истиқбол намуда, барои расидан ба ин ормони бузурги миллат саъйу талоши хешро равона намуданд.

Ниҳоят, фурсати шодиву нишот, замони расидан ба ҳадафу ормонҳои бузурги созандагӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти энергетикӣ фаро расид. Бо бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва мавриди истифода қарор гирифтани нахустин чархаи он марҳилаи нави расидан ба барномаҳои бузурги давлатӣ, аз ҷумла ба кишвари бузурги содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз диди экологӣ тоза табдил ёфтани Тоҷикистон оғоз мешавад.

Кишвари азизи мо ҳамакнун дар пайи татбиқи ин бурномаи бузург, ки марҳила ба марҳила агрегатҳои дигар он низ давоми солҳои оянда ба истифода дода хоҳанд шуд,  дар таъмини истиқлолияти энергетии кишвар ва ҳатто минтақа ба унвони  мамлакати дорои захираҳои бузурги обиву энергетикӣ  хидмат хоҳад намуд, ки ин амр бешак Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллатро боз ҳам бузургтар дар арсаи олам муаррифӣ намуда, мақоми мамлакати моро пурравнақтар дар саросари ҷаҳони муосир ба ҷилва хоҳад овард, то мо ҳамеша ба ин миллату ин давлат ва ин Пешвои миллат дар ифтихор бошем.

 

Раҳмонӣ Ҳасан Азиззода,
раиси Кумитаи идораи замини
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд НБО “Роғун” кафолати фардои мунаввари Тоҷикистон аст