Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Имрӯз дар саҳифаи навини таърихи тоҷикон боз як дастоварди бузурги миллат сабт хоҳад гашт

( 0 Овоз )

16 ноябр санаи таърихӣ, санаи фаромушнашаванда ва санаи тақдирсоз мебошад. Зеро дар ин сана ба бахти мардуми тоҷик, ба бахти миллати азиз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати тозаистиқлол интихоб гардидаанд. Дар лаҳзаҳои барои миллат мушкил ва тақдирсоз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дўш гирифта, бо нахустин дидору гуфтор ба дилу дидаҳои мардум ҷой гирифтанд.Тавонистанд ба мардум умед бахшанду чароғи бовариро равшан созанд.Пешвои миллат масъулиятро ба зимма гирифтаву гуфтанд "ТО ДИЛ ДАР СИНААМ МЕТАПАД ҲАСТИЯМРО БА ВАТАН ВА МАРДУМИ ХУД МЕБАХШАМ" ва бахшиданд.Зеро ба ояндаи неки Ватани худ ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашида боварӣ доштанд.

Баъд аз ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохмони нерўгоҳҳои барқи обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», як қатор нерўгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи "Ҷануб – Шимол", "Лолазор – Хатлон", "Лолазор – Сангтўда-1" ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи "Ҷануб–Шимол" ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони иншооти ҳаётан муҳим – бунёди НБО-и "Роғун" оғоз гардид. 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун сафар намуда, дар дигар намудани маҷрои дарёи Вахш иштирок намуданд.

Инак, баъди заҳматҳои зиёд имрӯз дар саҳифаи навини таърихи тоҷикон боз як дастоварди бузурги миллат сабт хоҳад гашт. Имрӯз чархаи аввали Нерўгоҳи барқии обии "Роғун" бо иштироки Пешвои миллат ба гардиш медарояд. Бо ин дастовард мардуми кишвар на танҳо аз истифодаи нерўи барқ пурра баҳраманд мегарданд, балки иқтисодиёти кишвар низ равнақ меёбад.

Ба сари давлат омадани Пешвои миллат сароғози таърихи навини миллат, мавлуди миллат аст. Пешвои миллат тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳастиашонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқ бахшиданд.Ҳар фарди ба нангу номус, ҳар фарди солимақл бояд ба Ватани худ, ба Пешвои худ ифтихори бузург кунад! Шукрона кунем, ки чунин Ватани маҳбуб дорем ва шукрона кунем ки чунин Пешвои миллат дорем!

Эгамзод Муртазо Машрафӣ,
мудири бахши рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имрӯз дар саҳифаи навини таърихи тоҷикон боз як дастоварди бузурги миллат сабт хоҳад гашт