Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:49
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 14:58
8 марти соли равон дар қаламрави вилоят Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 22.01.2019 10:00
Мулоқоти роҳбарияти ДДҲБСТ бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ - 22.01.2019 09:57
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.01.2019 08:38
Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 14:52
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 21.01.2019 11:53
Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2019 09:45
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 –и ноҳияи Спитамен - 17.01.2019 15:12

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад

( 1 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкилу баргузории як қатор чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ дар мавзӯи "Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан" ва "Пешвои миллат ва шинохти манзалати чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон", озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Пешвои муаззами мо" дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят, ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар байни дастаҳои варзишии кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар назар аст, ки дар варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва қасрҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоятт чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва барномаҳои консертӣ баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 инҷониб 16  ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президент  таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад