Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Ифтитоҳи шуъбаи урология дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон

( 1 Овоз )

8 ноябр бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва роҳбарияти шаҳри Бӯстон дар Беморхонаи марказии шаҳр шуъбаи урология пас аз таъмир мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре зимни ба истифодадиҳии шуъбаи мазкур иттилоъ дода шуд, шуъбаи урология дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Сафаров ба таъмири куллӣ фаро гирифта шудааст.

Шуъбаи мазкур аз ҳуҷраҳои бистарӣ, ултрасадо, андрология, эндоскопӣ, эндоҷарроҳӣ, сӯзангузаронӣ, малҳамбандӣ, санитарӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ бо шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, дар ҳаминҷо бо табибони беморхона суҳбати самимӣ доир намуд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар назди кормандони соҳаи тиб вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи шуъбаи урология дар Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон