Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48

Аҳли фарҳанги вилоят Рӯзи театри тоҷикро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд

( 0 Овоз )

7 ноябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят Рӯзи театри тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабинии идонаро сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ифтитоҳ намуда, кулли ҳунармандон, санъаткорон, ҳунарпешагони театрҳоро аз номи тамошобинон ва мухлисони санъати театр бо ин санаи ҳумоюнӣ шодбош гуфт. Қайд карда шуд, ки аз рӯи анъана ва назардошти табиати хоси санъати миллии тоҷик театр дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун театри драма, мазҳака ва сарчашмаи тарғибу ташвиқи савту навои классикиву халқӣ, ки он ҳамрадифи каломи саҳнавӣ-мусиқӣ низ мақому мавқеи бузург дошт, арзи ҳастӣ намуд. Дар даврони шӯравӣ Рӯзи театр бо қарори ЮНЕСКО санаи 27-уми май ҷашн гирифта мешуд. Дар даврони Истиқлолият бошад, маҳз бо дастур ва амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-уми ноябр ҳамчун Рӯзи театр 17 сол инҷониб дар кишвар ботантана ҷашн гирифта мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бори нахуст 7-уми ноябри соли 1929 Театри академикии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дари худро ба рӯи тамошобинон боз намуд. Шурӯъ аз он санаи таърихӣ ҳунармандони театр  бо намоишномаҳои пурмазмуни худ ҳаёти иҷтимоиву маданӣ, сиёсиву иқтисодии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро манзури тамошобинон мегардонанд.

Ориф Набиев ҳамчунин дар бораи фаъолияти ташкилкунандагон ва ҷонфидоёни театр аз солҳои аввали ташкилёбӣ сухан карда, дар бораи муваффақиятҳои эҷодии ҳунармандони саҳна Ойдиной Усмонова, Мӯътабар Иброҳимова, Неъматҷон Дӯстматов, Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо ва дигарон, ки барои нашъунамои санъати миллӣ самимона кӯшиш мекарданд, ибрози ақида намуд.  Маҳз меҳнати бурдборонаи ин нафарон буд, ки дар театр муҳити созгори эҷодӣ ба вуҷуд омад ва ҳама бо ҷӯшу хурӯш ба кор камари ҳиммат бастанд, намоишномаҳои шавқовару ҷолиб рӯи саҳна омаданд.  Беш аз 80 сол инҷониб ҳунарпешагони театрҳои кишвар барои тарбияи зебоипарастӣ, ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани маънавиёти мардум пайваста заҳмат мекашанд.

Дар ин рӯз ҳунармандони Театри давлатии мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо намоиши порча аз асари саҳнавии «Гулпарӣ», ҳунарпешагони Театри драмаи мусиқии шаҳри Бӯстон бо порча аз намоишномаи «Во всём виновата любовҳ», ҳунарпешагони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон бо суитаи рақсӣ, ҳунарпешагони Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен бо порча аз намоишномаи «Армон», ҳунармандони Театри  драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бо порча аз намоишномаи «Оҳ муҳаббат», ҳамчунин ҳунарпешагони ҷавони Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд ва Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо намоишномаи «Табиби паррон» хотири тамошобинонро болидарӯҳ гардонданд.

Рӯзи Театри тоҷик бо сурудҳои пурмазмуну дилошӯби сарояндагони маҳбуб хотирмон анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аҳли фарҳанги вилоят Рӯзи театри тоҷикро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд