Хабарҳо
«Эх, загулял, загулял, загулялпарень молодой…» - 20.11.2018 20:45
Аҳамияти милливу минтақавии «Роғун - 20.11.2018 20:40
Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018 - 20.11.2018 20:26
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР - 20.11.2018 20:12
Рогунскую ГЭС не дали строить исламисты - 20.11.2018 19:52
Кабирӣ ба Роғун танҳо душманӣ мекард - 20.11.2018 20:05
БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ - 20.11.2018 19:59
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:20
Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд - 20.11.2018 16:19
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:18

Маросими савгандёкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 0230

( 0 Овоз )

Дар қисми ҳарбии 0230, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо иштироки роҳбарияти ноҳия, комиссари ҳарбӣ, раиси суди ноҳия, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия маросими савгандёкунии наваскарон доир гардид.

Сулаймонзода Акрам Раҳим, раиси ноҳияи Спитамен нахуст кулли афсарону аскарон ва волидайни наваскаронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид дошт, ки наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, омодагии худро дар ҳифзи марзу буми Ватан изҳор менамоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарон қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар ҳифзи марзу бум ва осоиши мардум саҳми арзанда мегиранд ва дар роҳи хизмат ба Ватан беҳтарин анъанаҳои ниёгонро идома бахшида, баъди адои хизмат бо рӯйи сурху сари баланд ба назди азизони худ бармегарданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ 100 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, изҳор доштанд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватани азиз омода ҳастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маросими савгандёкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 0230