Хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе - 23.03.2019 10:01
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд /АКСҲО/ - 21.03.2019 15:56
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе - 21.03.2019 14:32
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар вилояти Суғд - 21.03.2019 13:29
Ифтитоҳи бинои озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва қаҳвахонаи "Шоҳона" дар Хуҷанд - 20.03.2019 21:23
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон - 20.03.2019 21:15
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангии «Корвони Наврӯзӣ»-и шаҳри Норак - 20.03.2019 18:03
Оғози татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» - 20.03.2019 13:30
Дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз ёфт - 20.03.2019 13:51
Ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии шаҳри Норак - 20.03.2019 13:48

Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Конибодом

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт.

Аз ҷумла, мағозаи фурӯши гулҳо - «Наргис» , нуқтаи савдои хӯрокворӣ – «Канд-бургер» ва ошхонаи замонавии «Мустафо», ки ҳамагӣ бо иқдоми соҳибкорон бунёд шудааст, дари худро ба рӯи мизоҷон боз намуд.

Дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев инчунин як нуқтаи доруфурӯшӣ ва ду майдончаи футболи хурд бо маблағи зиёда аз дусад ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд.

Дар маркази шаҳр бошад, як маҷмааи хизматрасонии иборат аз ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва нуқтаи шустӯшуи мошинҳо ба хизмати умум пешкаш гардид. Соҳибкор Акмалҷон Комилов изҳор дошт, ки маҷмааи хизматрасониро бо тарҳу намуди зебо бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинон бунёд кардааст.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом бунёди зиёда аз 300 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз  беш аз 50 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар Конибодом