Хабарҳо
«Эх, загулял, загулял, загулялпарень молодой…» - 20.11.2018 20:45
Аҳамияти милливу минтақавии «Роғун - 20.11.2018 20:40
Лоиҳаи Консепсияи хурофотпарастӣ ва вопасгароии ТТЭ ҲНИ-2018 - 20.11.2018 20:26
РӮЗИ ТАВАЛЛУДИ НУР - 20.11.2018 20:12
Рогунскую ГЭС не дали строить исламисты - 20.11.2018 19:52
Кабирӣ ба Роғун танҳо душманӣ мекард - 20.11.2018 20:05
БА БАДАХШОН ОМАДӢ, ХУШ ОМАДӢ - 20.11.2018 19:59
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии “Мадина” дар ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:20
Маркази саломатии деҳоти Зарафшони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ба истифода дода шуд - 20.11.2018 16:19
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 20.11.2018 16:18

Таҷлили 24-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

5-уми ноябр фаъолони ноҳияи Ашт бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ 24-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Ҷамъомади идона дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов доир шуд ва муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар баромади худ қайд кард, ки “бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар муддати зиёда аз ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи фарҳангсолори тоҷик расид”.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб баҳри иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили 24-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия дар ноҳияи Ашт